Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду корманди полис дар канори Пешовар


Бар асари таркиш дар шимолу шарқи Покистон ду корманди полис кушта ва ду тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳодиса дирӯз дар канори шаҳри Пешовар, маркази вилояти Хайбар-Пахтунхва рӯх дод. Мошини полис дар ҳоле ба минаи канори раҳ бархӯрд, ки ба ҷойи як таркиши дигар дар постгоҳҳои матрук расид.
Тибқи як хабари дигар, ҳавопаймоҳои низомӣ ба мавқеъҳои толибон дар Оракзай, минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон, зарба заданд. Дар ин ҳодиса даҳ фарди мусаллаҳ кушта ва шаш тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG