Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти низомии Кореяи Ҷанубӣ ва Шимолӣ шурӯъ шуд


Имрӯз Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ баъд аз тирандозиҳои маргбор дар ҷазираи марзӣ дар моҳи ноябр бори нахуст бо ҳам ба музокира нишастанд. Хабаргузории Ёнҳапи Сеул иттилоъ додааст, ки ин музокироти низомӣ дар маҳалле бо номи Панмунҷом анҷом мегирад. Вазорати дифоъ дар соатҳои аввали музокирот ин хабарро таъйид накарда буд. Ба ин музокирот нмояндагони матбуот роҳ дода намешаванд ва он паси дарҳои баста сурат мегирад. 23-юми ноябр ҷазираи Йеонпионги Кореяи Ҷанубӣ дар наздикии обҳои Баҳри Зард мавриди бомборон қарор гирифт ва дар он ду сарбози дарёӣ ва ду ғайринизомӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG