Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини Тоҷикистон аз марзбонони Узбакистон тир хӯрд


Хабаргузориҳо иттилоъ додаанд, ки Толиб Асроров-сокини 24 солаи шаҳраки Ҷомии ноҳияи Зафаробод аз марзбонони Узбакистон тир хӯрдааст. Вай талош кардааст, говеро, ки ба қаламрави Узбакистон гузаштааст, баргардонад, вале марзбонони кишвари ҳамсоя бидуни огаҳӣ ба сӯи вай тир холӣ кардаанд. Ҳоло Асроров бо ҷароҳат аз аслиҳаи оташзо дар бемористон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG