Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози дубораи даргириҳо байни Камбоҷа ва Таиланд


Таиланд ва Камбоҷа мегӯянд, задухӯрдҳо дар як қаламрави баҳсии марзи ин ду кишвари Осиёи ҷанубушарқӣ дубора оташ гирифтааст. Баҳс бар сари замини ҳошияи як маъбади қадимаи асри 11 буда, Таиланд рӯзи шанбе дар ин минтақа эълони оташбас кард. Тайи даргириҳои рӯзҳои ҷумъаву шанбе дар ин қаламрав дастикам 5 нафар кушта шуданд. Дар бораи хисороти ҷонии задухӯрдҳои имрӯза ҳанӯз гузориш нашудааст.
Маъбади Преа Виҳеа шомили рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО буда, додгоҳи байналмилалӣ соли 1962 онро марбут ба Камбоҷа ҳукм кард. Аммо дар Таиланд бисёриҳо ҳукми ин додгоҳро қабул надоранд.
XS
SM
MD
LG