Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун аз пайомадҳои буҳрони Миср ҳушдор дод


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун аз пайомадҳои ҷиддии нооромиҳои Миср ба суботи минтақа, аз ҷумла ба раванди сулҳи Ховари Миёна ҳушдор дод. Бан Ки Мун дар пайи мулоқот бо чоргонаи сулҳи Ховари Миёна раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборакро як бозигари калидӣ дар раванди сулҳ номид ва гуфт, аз ин рӯ, ҷомиаи ҷаҳонӣ хеле мехоҳад, таҳвили қудрат дар Миср бо “як шеваи муназзам ва осоишта” сурат бигирад: “Ончӣ мо ахиран дар Тунису Мисру Яман ва ҷоҳои дигар дидем, як навъи пешрафт ва изҳори хостҳои мардум дар ин марҳалаи ҷаҳонишавист."
Қаблан раисиҷумҳури Амрико Барак Обама хостори музокирот бо раҳбарони Олмону Бритониё ва Имороти Муттаҳидаи Араб ба хотири баҳси вазъи Миср шуд.
XS
SM
MD
LG