Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҳрони Миср 3 миллиард доллар хисорот овардааст


Раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак рӯзи шанбе, дар рӯзи 12-уми эътирозҳо алайҳи ҳукумати сисолаи ӯ, бо аъзои бахши иқтисодии кобинааш мулоқот кард. Бино ба хабарҳо, буҳрони сиёсии Миср аз оғози эътирозҳо дар рӯзи 25 январ алакай барои ин кишвар 3,1 миллиард доллар хисорот овардааст.
Эътирозгарон дар майдони Таҳрири Қоҳира боқӣ мемонанд, вале рӯзи шанбе шӯри ин майдон камтар буд.
Раҳбарони мухолифин мегӯянд, эътирозҳо то замони рафтани Муборак давом хоҳад кард, вале намоишҳои густарда барои рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа барномарезӣ шудаанд.
Телевизиони Al-Jazeera гуфт, дафтарҳояш дар Қоҳира мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Радиои Озодӣ низ хабар дод, ки ду хабарнигорашро рӯзи ҷумъа дар Қоҳира боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG