Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба тирандозии субҳи имрӯз дар Қоҳира


Рӯёрӯии миёни тазоҳуркунандагон ва ҷонибдорони Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури Миср дар Қоҳира идома дорад ва субҳи имрӯз дар маркази шаҳр садои тирандозӣ ба гӯш мерасид. Бино ба гузоришҳо, дар майдони Таҳрири Қоҳира 10 нафар аз тазоҳуркунандагони зиддидавлатӣ дар ин тирандозиҳо кушта шудаанд. Мухолифони Муборак мегӯянд, рӯзи чаҳоршанбе кормандон полис дар либоси мулкӣ худро ҷонибдорони Муборак вонамуд кардаанд ва ба онҳо ҳамла бурдаанд. Аммо вазорати корҳои дохилӣ ин гуфтаҳоро рад кардааст. Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико дар сӯҳбати телефонӣ бо Умар Сулаймон-муовини раиси ҷумҳури Миср ин тирандозиҳоро маҳкум кард ва аз вай хост, ки омилини ин хушунат ба муҷозот кашонда шаванд. Кохи Сафед мегӯяд, бояд задухӯрдҳо хотима ёбад, то интиқоли ҳокимият соддатар шавад. Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ вазъро ғайриқобили қабул арзёбӣ кард:

"Ман аз идомаи хушунат дар Миср амиқан нигаронам ва бори дигар аз ҷонибҳо дархост мекунам, ки худдорӣ варзанд. Ин вазъе, ки пеш меояд, комилан ғайри қобили қабул аст. Ҳар гуна ҳамла ба тазоҳуроти мусолиматомез қобили қабул нест ва ман онро сахт маҳкум мекунам".

Муҳаммад Бародеӣ-барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел аз артиш хостааст, ки барои ҷилавгирӣ аз хушунат кӯмак кунад.
XS
SM
MD
LG