Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар задухӯрдҳои Қоҳира 26 тан маҷрӯҳ шудаанд


Имрӯз ҳазорон тан аз тарафдорони раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак дар майдони Таҳрир, дар маркази Қоҳира, ба эътирозгароне, ки хатми ҳукумати сисолаи Муборакро талаб мекунанд, ҳамла оварданд. Даргирӣ замоне рух дод, ки тарафдорони Муборак, бархе савори аспу мотосикл ба ин майдони моломоли ҳазорон тан аз мухолифини ӯ рехтанд.
Онҳо ба сӯи ҳамдигар санг андохтаанд ва дастикам 26 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Муборак шаби гузашта эълон кард, ки дар интихоботи моҳи сентябр ширкат намекунад, вале ҳоло аз мақом нахоҳад рафт. Ба дунбол, низомиён хостори хонабахона шудани эътирозгарон шуданд. Сухангӯи артиш Исмоил Усмон гуфт: “Паёми шумо расид ва талабҳои шумо маълум шуд. Мо барои таъмини амнияти ватан тамоми талошро ба харҷ медиҳем. Мо бояд ба даъвати кишвари мо бо кори пурсамар посух диҳем.”
Аммо эътилофи мухолифин бо даъват ба эътирозҳои нав як раҳпаймоии густардаро барои рӯзи ҷумъа эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG