Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гузаштҳо"-и раисиҷумҳури Яман


Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ гуфт, баъди соли 2013, дар пайи хатми давраи кунунии раёсаташ ҷӯёи давраи нави раҳбарӣ нахоҳад шуд. Солеҳ, ки як муттаҳиди калидии Амрико дар роҳи набард бо шабакаи Ал-Қоида аст, ҳамчунин ваъда дод, ки қудратро ба писараш нахоҳад супурд. Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки дар баробари вакилони парлумон ва низомиёни Яман сӯҳбат мекард, гуфт, ба хотири манофеъи кишвараш чунин “гузаштҳо” мекунад. Ин изҳорот як рӯз қабл аз раҳпаймоии густардаест, ки мухолифин мехоҳанд таҳти унвони “Рӯзи ғазаб” доир кунанд.
Дар ҳафтаи гузашта 16 000 эътирозгар дар Санъо истеъфои Солеҳро талаб карданд. Яман, аз фақиртарин кишварҳои дунё, бо ҷудоиталабон ва ҳам бо терроризми ношӣ аз шабакаи Ал-Қоида мубориза мебарад.Солеҳ 33 боз бар ин кишвари воқеъ дар ҷануби нимқораи Араб раҳбарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG