Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи интихоботи қабл аз вақти Ирлания эълон шуд


Интихоботи қабл аз вақти парлумонии Ирландия 25 феврал баргузор мешавад. Сарвазири кишвар Брайан Коуэн, ки чанде пеш аз мақом раҳбари ҳизби ҳокими “Фианна Файл”истеъфо дода буд, дар бораи пароканда шудани парлумон ҳам хабар дод. Ба гуфтаи Коуэн, худи ӯ дар интихобот ширкат нахоҳад кард.
Сарвазири феълии Ирландия барои оҷизӣ дар ҳалли бӯҳрони иқтисодӣ мавриди интиқод қарор дорад. Нуфузи ӯ баъд аз дархости Дублин барои кӯмаки фаврии молиявӣ аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул пойин рафт. Ҳадс зада мешавад, ки ҳизби ҳокими “Фианна Файл” дар интихоботи навбатӣ мағлуб хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG