Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз эътилофи Тимошенко боз як нафар хориҷ шуд


Як вакили парлумони Украина сафи ҳизби мухолифи таҳти раҳбарии сарвазири собиқ Юлия Тимошенкоро тарк кард.
Дмитро Ветвитский ҳизби “Баткившина” ва фирқаи хонум Тимошенкоро дар Верховни Рада тарк гуфта, дар садади таъсиси ҷунбиши нави сиёсие бо номи “Правда” шудааст.
То имрӯз фирқаи Тимошенко 113 курсӣ аз 450 курсии парлумони Украинаро дар даст дошт. Дар моҳи декабр муовини раиси “Баткившина” Олександр Турчинов гуфта буд, ки фирқаи Тимошенко тамоми он вакилонеро, ки бо ҳукумати Виктор Янукович ҳамкорӣ мекунанд, аз сафи худ ихроҷ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG