Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандони тоҷик дар Миср хоҳанд монд


Бархе кишварҳо дар пайи нооромиҳои Миср ба кӯчонидани атбоъи худ аз он кишвар шурӯъ кардаанд. Дар Қоҳира ва Айнулшамс танҳо тибқи квотаҳои расмӣ тақрибан 40 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва як миқдори дигар дар донишгоҳи маъруфи Ал-Азҳар. Аммо Назрулло Назаров, сафири Тоҷикистон дар Миср ба Радиои Озодӣ гуфт, кадом барномаи кӯчонидани донишҷӯёни тоҷик ҳанӯз матраҳ нашудааст.
Соли гузашта шумори донишҷӯёни тоҷик танҳо дар мадрасаҳои динии Миср то 300 нафар гуфта мешуд, вале дар пайи як даъвати президент Эмомалӣ Раҳмон аксари онҳоро аз мадрасаҳои мазҳабии ин кишвар ба Душанбе баргардонданд.
XS
SM
MD
LG