Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқчии афғон дар деҳаи Бушолак дар амалиёте кушта шуд


Тибқи хабари шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод дар задухӯрди миёни кормандони пулис ва қочоқгарони афғон дар деҳаи Бушолаки ин ноҳия дар хонаи Мурдов Шерхон-сокини ин деҳа як қочоқчии афғон кушта шудааст. Хайриддин Шокиров-муовини раиси пулиси ноҳия ба радиои Озодӣ гуфт:

"Як қочоқчии афғон 30-35 сола дар амалиёт ба ҳалокат расонда шуд. Аз вай як адад автомат, 5 адад тирдон ва 95 тир ба даст омад".


Бино ба хабари ин манбаъ аз ҷониби кормандони пулис касе кушта ва ё захмӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG