Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти зиддиҳукуматии Миср ҳамчунон идома дорад


Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Миср, ки ба хушунату ғоратгарӣ олуда гашт ба рӯзи шашуми худ ворид шуд. Мақомоти амниятии Миср мегӯянд, шаби гузашта аз зиндони Водӣ Натрун дар шаҳри Қоҳира ҳазорон маҳбус фирор кардаанд. Доир ба ғоратгариҳои густурда дар Искандария Суетс ва дигар шаҳрҳои Миср гузориш шудааст. Ду рӯзи гузашта, нерӯҳои амниятиро барои ҳифзи иншооти муҳими ҳукуматӣ сафарбар карданд, аммо онҳо натавонистанд, монеъи ғоратгароне шаванд, ки Осорхонаи Миллии Қоҳира ворид шуда, ду мумиёни замони фиръавнро хароб карда ва нодираҳои бебаҳои таърихиро ҳам дуздиданд. Дар маҳаллаҳои маскунии Қоҳира, мардум гурӯҳҳои довталаб таъсис додаанд, то моликияти мардумро аз ғоратгарон ҳифз кунанд. Бо вуҷуди муқаррароти манъи рафтуомад, ҳазорон нафар имрӯз ҳам дар хиёбонҳои Қоҳира монда ва алайҳи ҳукумати раиси ҷумҳур Ҳуснӣ Муборак эътироз мекунанд. Ҳуснӣ Муборак, ршӯзи шанбе, Умар Сулаймон, раиси хадамоти амниятиро ба ҳайси муовин таъйин кард ва мушовиронаш ваъда доданд, ки то се рӯзи дигар ислоҳоти иловагие анҷом хоҳанд дод. Тазоҳургарон мегӯянд, ин таъйинот ислоҳот нест ва хоҳони канор рафтани тамоми ҳукумати Ҳуснӣ Муборак ҳастанд, ки се даҳсола боз раиси ҷумҳури Миср аст. Бонкҳо, бозори саҳҳом ва макотибро дар Миср баста шудаанд.
XS
SM
MD
LG