Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузори маргталаб дар Кобул 8 нафарро кушт


Полиси Афғонистон мегӯяд, як бобмгузори маргталаб, имрӯз худро дар баққолие дар шаҳри Кобул мунфаҷир карда, ҳашт нафарро кушт ва шаш тани дигарро маҷрӯҳ кард. Дар ин баққолӣ, ки маҳалли хариди хориҷиён ҳам будааст, як кӯдак ва се хориҷӣ ҳалок шудаанд. Фурӯшгоҳи мазкур дар ноҳияи пурмуҳофизи Вазир Акбархон, маҳалли маҳбуб барои хориҷиён ва сарватмандони афғон воқеъ шудааст. Гурӯҳи Толибон бо ирсоли паёме ба хабарнигорон гуфтаанд, ки ҳадафи ҳамла, раҳбари як ширкати хусусии амниятӣ дар Амрико будааст.
XS
SM
MD
LG