Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори полиси Миср ба мухолифини давлат


Полиси Миср мегӯяд, ҳеҷгуна тазоҳуроти тозаеро таҳаммул нахоҳад кард ва тазоҳургарон низ боздошт хоҳанд шуд. Ин ҳушдор зоҳиран ба фаъолони мухолифини Миср аст, ки тарафдоронашонро имрӯз ҳам ба тазоҳурот даъват кардаанд. Рӯзи сешанбе Миср шоҳиди тазоҳуроти бузургу густурда алайҳи раиси ҷумҳур Ҳуснӣ Муборак, шуд, ки се даҳсола аст, дар Миср ҳукмронӣ мекунад. Дар ин тазоҳурот ду тазоҳургар ва як маъмури полис кушта шуданд. Маъмурони амниятии Миср барои пароканда кардани тазоҳургарон дар майдони Таҳрири Қоҳира аз гази ашковар истифода кард ва хиёбонҳои Қоҳира имрӯз зоҳиран ором будаанд.
XS
SM
MD
LG