Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар тақрибан 5 миллион 950 ҳазор нафар телефонҳои ҳамроҳ доранд, ки тақрибан 90 дар сади аҳолии кишварро ташкил медиҳад. Дар ин бора Оҷонси омори давлатии тобеъи раёсати ҷумҳур хабар додааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар гузашта истифодаи беш аз ҳадди телефонҳои ҳамроҳ дар кишварро интиқод кард ва гуфт, мардуми камбизоати Тоҷикистон солона барои истифодаи телефонҳои ҳамроҳ 200 миллион доллар харҷ мекунанд.