Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи СММ ва ИМА аз созиши Карзай бо вакилони порлумон


Созмони Милали Муттаҳид ва ҳукумати Амрико имрӯз аз созиши раиси ҷумҳури Афғонистон бо вакилони порлумон дар мавриди ифтитоҳи бидуни таъхири иҷлоси порлумон истиқбол карданд. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи душанбе гуфт, Вулуси Ҷиргаро рӯзи чаҳоршанбе ифтитоҳ хоҳад кард. Аммо айни замон, дафтари раёсати ҷумҳур гуфт, ки кумиссиёни махсус таҳқиқи иддаъоҳо доир ба тақаллубкорӣ дар интихоботи моҳи сентябрро идома хоҳад дод. Ҳомиди Карзай ҳафтае пеш дастур дод, ки то ифтитоҳи порлумон то моҳи феврал ба таъхир гузошта шавад, то кумиссиён таҳқиқи худро анҷом диҳад, аммо вакилони афғон гуфтанд, ки худашон нишасти порлумонро оғоз хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG