Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти густурда алайҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон


Бо омодагии гурӯҳи тундрави Ҳизбуллоҳ барои таъсиси ҳукумати ояндаи Лубнон, даҳҳо ҳазор нафар дар ин кишвар тазоҳуроти эътирозӣ баргузор карданд. Бузургтарин тазоҳурот дар шаҳри шимолии Триполӣ сурат гирифт, ки дар онҷо мошини наворгирии телевизиони Ал-Ҷазираро оташ заданд. Қарор аст, имрӯз раиси ҷумҳури Лубнон аз Наҷиб Миқотӣ, намояндаи Ҳизбуллоҳро масъули ташкили ҳукумати оянда эълом кунад. Ҳизбуллоҳ баъди тарки ҳукумати эътилофии нахуствазир Саъд Ҳарирӣ, мавриди ҳимояти ғарб сабаби пароканда шудани ҳукумат шуд. Баҳс ба сари таҳқиқи байналмилалии қатли Рафиқ Ҳарирӣ падари Саъд Ҳарирӣ дар соли 2005 боиси эътирози гурӯҳи Ҳизбуллоҳ шуд.
XS
SM
MD
LG