Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Тунис аз гази ашковар истифода кард


Полиси Тунис ба хотири парокандасозии тазоҳургароне, ки сӯи дафтари кори сарвазир санг меандохтанд, аз гази ашковар истифода намуд. Эътирозгарон, ки аз деҳот ба пойтахти Тунис омадаанд, истеъфои сарвазир Муҳаммад Ғануширо талаб доранд.
Дар Тунис баъд аз таъсиси ҳукумати муваққат ҳар рӯз намоишҳои эътирозӣ баргузор мешаванд. Онҳо истеъфои вазиронеро, ки замони қудрати раисиҷумҳури фироркарда Зайнулобидддин бини Алӣ кор карда буданд ва пароканда кардани ҳизби ӯро талаб доранд.
XS
SM
MD
LG