Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир ҷилавгирӣ шуд


Ба иттилоъи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта дар кишвар аз чанд талоши қочоқи миқдори бузурги маводи нашъадор ҷилавгирӣ шудааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорат, ба Радиои Озодӣ, гуфт, ки аз ҷумла, дар ҳудуди деҳаи Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ сокини вилояти Тахори Афғонистон Шермуҳаммад валади Ёсин бо иттиҳоми қочоқи миқдори бузурги маводи мухадир боздошт шуд. Ӯ афзуд, ки аз шаҳрванди хориҷӣ беш аз 67 кило навъҳои гуногуни маводи нашъадор мусодира шудааст.
Ҳамчунин дар ҳудуди ноҳияи Хуҷанд аз шаҳрвандон Ҷамшед Мирзоев ва Бузург Каримов бо миқдори беш аз 28 кило маводи мухаддир ошкору мусодира гардид.
XS
SM
MD
LG