Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Иттиҳодро рақиби "Истиқлол" бурд


Ҷоми Иттиҳод-2011 имсол ба Озарбойҷон меравад. Тими “Интер”-и Боку дар бозии ниҳоии ин мусобиқот дар Санкт-Петербурги Русия бар “Шахтёр” аз Беларус ғолиб омад. Ду қисми асосиву ду қисми иловагии ин рақобат бидуни гол анҷом ёфт, вале дар зарбаҳои 11-метрӣ бахт ба рӯи озариҳо хандид ва онҳо бо натиҷаи 6:5 пирӯз шуданд. “Интер” дар марҳалаи гурӯҳии ин мусобиқот бар “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада, дар гурӯҳи А ҷои аввалро гирифта буд. “Истиқлол” бо касби мақоми дуввум низ ба бозиҳои чорякниҳоии Ҷоми Иттиҳод роҳ ёфт, вале аз “Сконто”-и Рига бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
“Интер” баъд аз “Нефтчӣ”-и Боку ва “Хазар”-и Ленкоран севвумин тими Озарбойҷон аст, ки соҳиби ин ҷом мешавад.
XS
SM
MD
LG