Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи зиддунақизи паноҳҷӯёни ҷанг аз Тифлис


Имрӯз Гурҷистон ба ихроҷи шубҳабарангези хонаводаҳои паноҳҷӯён, ки дар давоми ду даҳсолаи ноороимҳо беҷо шудаанд, шурӯъ кардааст. Мақомот ба нақша гирифтаанд, ки ҳудудан 500 хонаводаи паноҳҷӯёнро, ки дар маркази шаҳри Тифлис биноҳоро ишғол кардаанд, аз шаҳр биронанд ва ба онҳо дар вилоятҳо манзил бидиҳанд. Онҳо мегӯянд, ин нақша бахше аз барномаи сукунат додани беҷошудагон ё паноҳҷӯён мебошад. Баъзе аз паноҳҷӯён ба ин иқдом мухолифат кардаанд ва мегӯянд барои онҳо дар деҳоти дурафтода ҷой медиҳанд. Ҳоло дар Гурҷистон 250 ҳазор паноҳҷӯи ҷанг аз Абхозистону Осетияи ҷанубӣ ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG