Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯгоҳи "Сарбанд"-ро чехҳо таъмир мекунанд


Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ширкати "Техноэкспорт"-и ҷумҳурии Чех махориҷи молии таъмири нерӯгоҳи барқи обии Сарбандро бар ӯҳда гирифтааст. Ин нерӯгоҳ метавонад 240 мегаватт дар соат барқ тавлид кунад. Бино ба ҳисобҳо, таъмири ин нерӯгоҳ 65 миллион долларро ташкил медиҳад ва корҳои таъмир соли 2012 ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG