Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико бо Ҳу Ҷинтао ҳамтои чинии худ дар Кохи Сафед мулоқоти рӯ ба рӯ анҷом дод. Дар мулоқот таваҷҷӯҳ сари масъалаи арзиши пули Чин, будааст, ки ба гуфтаи давлати Амрико ба таври сунъӣ поён нигаҳ дошта мешавад. Барак Обама, аз раиси ҷумҳури Чин хостааст, бигузорад, то қурби юанро бозор муаяйн кунад. Ҳу Ҷинтао дар мавриди арзиши юан чизе нагуфт, аммо пештар иддаъоҳо доир ба арзиши пасти қурби юанро рад карда буд. Барак Обама, ҳамчунин масъалаи ҳуқуқи инсон дар Чинро бо Ҳу Ҷинтао дар миён гузошт, ки ба эътирофи раҳбари Чин барои беҳбуди он кори зиёде мондааст, ки бояд анҷом дода шавад: "Таърих гувоҳ аст, ки вақте ба ҳуқуқу масъулияти тамоми кишварҳо ва мардумони ҷаҳон, ба шумули ҳуқуқи бунёдии инсон эҳтиром гузошта шавад, ҷомеаҳо бештар ҳамсоз ва муввафақ ва ҷаҳон ҳам боадл аст." Ҳу Ҷинтао гуфт, кишвараш дар амри беҳбуди ҳуқуқи инсон ба пешрафт даст ёфтааст, вале бояд кори бештар дар ин замина анҷом диҳад.