Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мақоми собиқи Эронро ба сирқат айбдор карданд


Як мақоми пешини вазорати фарҳанги Эрон муовини собиқи вазири фарҳанг Муҳаммадалӣ Роминро ба сирқати маблағи ёронаҳои махсуси рӯзномаҳо айбдор кард. Рӯзномаи “Мардумсолорӣ” аз қавли сухангӯи собиқи ин вазорат Муҳаммадҳусейн Хушвақт навишт, ки Ромин барои нашрияе, ки боре ҳам рӯи чопро надид, 130 миллион туман, муодили 125 000 доллар ёрона гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, 40 дарсад аз ҷамъи ёронаҳо танҳо ба 5 рӯзномаи тарафдори давлат ироа мешуд. Ромин, мушовири раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод дар масъалаи баҳсии Ҳолокост (қатли омми яҳудиён дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон), аз ноябри соли 2009 то декабри соли 2010 муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ буд.
XS
SM
MD
LG