Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WHO: "Дар Тоҷикистон машруб кам мехӯранд"


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, сокинони Тоҷикистон дар муқоиса ба мардумони дигар кишварҳои ҳавзаи аврупоии созмон камтар машрубот мехӯрдаанд. Дар гузориши тозаи ин созмон омадааст, сари ҳар фарди болиғ дар Тоҷикистон солона камтар аз 3 литру 400 грам машрубот мувофиқ меояд. Раддабандӣ ҳам шудааст, ки дар Тоҷикистон мардум асосан ба кадом навъи машрубот майл доранд, 21 дар сад оби ҷав ва ё пива мехӯрдаанд, 5 дар сад май ва ё вино 74 дар сад машруботи спиртӣ.Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бо нашри гузориши тамоюли истеъмроли машрубот дар ҳавзаии аврупоии созмон гуфтааст, бештар аз ҳама дар кишвар минтақа дар Эстония ва Ҷумҳурии Чех машрубот истеъмол мекардаанд яъне 14 литр дар як сол. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, ҳадаф аз нашри ин гузориш ҷалби таваҷҷӯҳ ба паёмадҳои бадмастӣ аст, ки боиси афзоиши бемориҳо, маргҳои бармаҳал, фишори азим ба низоми беҳдоштӣ ва ҳам ҳодисаҳои дигар мешавад.
XS
SM
MD
LG