Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи муҳокимаи 9 муттаҳам ба шиканҷа дар Қазоқистон


Дар Қазоқистон муҳокимаи 9 нафаре оғоз ёфт, ки ба шиканҷаи як зиндонӣ муттаҳам мешаванд. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, панҷ посбони зиндон ва чаҳор маҳбуси дигар ба гуфтаи додситонҳо Жандос Сағатов, як афсари собиқи артиши Қазоқистонро ба ҳадде латукӯб кардаанд, ки панҷ маротиба ҷарроҳӣ шудааст, вале ҳанӯз ҳам шифо наёфтааст. Ин афсар бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир дар маҳбаси Заречнӣ дар минтақаи Алмаато зиндонӣ будааст. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи Қазоқистон бори аввал аст, ки панҷ маъмури зиндон ба азияту шиканҷаи маҳбусон муттаҳам мешаванд, ки дар зиндонҳо зиёд дида шудааст.
XS
SM
MD
LG