Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дӯконҳои баҳоиёнро дар Эрон месӯзонанд


Ҷомиаи байналмилалии баҳоиён дар бораи мавридҳои ахири оташсӯзии молумулки марбут ба пайравони ин мазҳаб дар шаҳри Рафсанҷони Эрон изҳори ташвиш кардааст. Охирин чунин мавриди ҳамла рӯзи 2 январ рух дод, ки як устохонаро дар Рафсанҷон ба оташ кашониданд. Диана Алоӣ, намояндаи созмони баҳоиён гуфт, дар маҷмӯъ аз моҳи октябр ба ин сӯ 12 мағозаи марбут ба пайравони ин мазҳаб дар ин шаҳр ба коми оташ рафтааст. Хонум Алоӣ гуфт, чунин ҳамалот болои баҳоиён аз сӯи нирӯҳои амниятӣ дар шаҳрҳои Караҷу Сарӣ ва Симнони Эрон низ мушоҳида шуда, вале ба гуфтаи ӯ, мақомоти Эрон чунин парвандаҳоро ҳеҷ гоҳ таҳқиқ намекунанд.
XS
SM
MD
LG