Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли 4 ғоратгар аз сӯи ҷангиёни толиб дар Покистон


Пулиси Покистон мегӯяд, ҷангиёни толиб 4 ғоратгареро, ки аз сӯи мақомот низ таъқиб мешуданд, паррондаанд. Намояндаи пулис гуфт, ҷасадҳои ин 4 мардро имрӯз аз ҳошияи роҳи ноҳияи Ҳангу пайдо кардаанд. Дар номае ҳувияти ин афрод эълон шуда ва ҳам омада, ки онҳо ба гуноҳи худ эътироф кардаанд. Ҷангиёни толиб ба хотири касби маҳбубияти мардум дар сарзаминҳои хориҷ аз ҳукми қонуни шимолуғарби Покистон ба сурати озодона ҷинояткоронро шаллоқ мезананд ва ҳатто эъдом мекунанд.
XS
SM
MD
LG