Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибеки Мурод ба "Остона Даусӣ" хоҳад рафт


Овозхони маъруфи тоҷик Ҷонибеки Мурод Тоҷикистонро дар озмуни байналмилалии “Остона Даусӣ”( “Садои Остона”) намояндагӣ хоҳад кард. Ин сабқат рӯзи 3 феврал дар ҳошияи Бозиҳои 7-уми зимистонаи Осиё дар пойтахти Қазоқистон ифтитоҳ хоҳад шуд.

Ҷонибеки Мурод ба Радиои Озодӣ гуфт, дар “Остона Даусӣ” ду тарона – суруди русии “Песня для любимой” ва таронаи тоҷикии “Мастам”-ро иҷро хоҳад кард ва умедвор аст, ки аз Қазоқистон бо пирӯзӣ баргардад.
Қарор аст, дар ин озмун ҳунармандон аз кишварҳои қораи Осиё дар чанд навъ – аз операву мусиқии классикӣ то рақсу мусиқии поп намои ҳунар кунанд.
Бозиҳои зимистонаи Осиё аз соли 1982 ба ин сӯ баргузор карда мешаванд.

XS
SM
MD
LG