Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде дар Миср ба нишонаи эътироз худро оташ зад


Бино ба гузоришҳо, имрӯз дар назди бинои порламони Миср дар Қоҳира марде худро оташ зад. Сабаби чунин кори вай сатҳи поини зисти ин мард арзёбӣ шудааст. Ин ҳодиса ба худсӯзии марде дар Тунис шабоҳат дорад, ки саранҷом ба тазоҳуроти густардаи эътирозӣ ва фирори раиси ҷумҳур сабаб шуд. Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ба пулис муяссар шудааст, ки оташро фурӯ нишонанд ва ин мардро ба зудӣ ба шифохона бирасонанд. Тазоҳуроте, ки ба сарнагунии Зайналобиддин-раиси ҷумҳури Тунис сабаб шуд, замоне оғоз гардид, ки як марди 26-солаи хатмкардаи донишгоҳ ба сабаби пайдо накардани ҷои кор худро оташ зад.
XS
SM
MD
LG