Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Ирландия мегӯяд, истеъфо намедиҳад


Брайан Ковен, нахуствазири Ирландия, мегӯяд, бо вуҷуди интиқодоти шадид аз амалкардҳои ҳукуматаш истеъфо нахоҳад дод. Соли гузашта, Ирландия гирифтори мушкилоти зиёди молӣ шуд ва барои наҷоти он Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул 90 миллиард доллар кӯмаки молӣ карданд. Ҳоло дар дохили ҳизби ҳокими Фианна Фейл дар Ирландия моҷарои истеъфои фаврии Брайан Ковен идома дорад. Баъзе аз вакилон хостори истеъфои фаврии Брайан Ковен ҳастанд, аммо ӯ ин дархостро намепазирад.
XS
SM
MD
LG