Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни таркиш дар Хасавюрт афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни таркиш дар шаҳри Хасавюрти Доғистон ба чаҳор нафар расид. Ба иттилоъи хабаргузории “Интерфакс”, яке аз маҷрӯҳон дар бемористон аз олам даргузашт. Айни ҳол нӯҳ тани маҷрӯҳ таҳти назорати табибон қарор доранд, вазъи панҷ нафарашон сангин арзёбӣ мешавад. Шоми ҷумъа дар канори як тарабхонаи шаҳри Хасавюрт мошини ҳомили маводи тарканда мунфаҷир шуд. Ба иттилоъи Кумитаи тафтишоти Русия, дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи банди “терроризм” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG