Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амонатбонк ба нафақагирон карти пластикӣ медиҳад


Нафақагирони пойтахти Тоҷикистон бо картҳои пластикӣ таъмин шудаанд. Хабаргузории Азияи Плюс аз нақли Гулнора Ҳасанова-раиси Амонатбонк овардааст, ки нафақагирони Душанбе, Кӯлоб ва Қурғонтеппа соҳиби карти пластикӣ шудаанд. Ҳасанова илова кардааст, ки бо ҳадафи тақдими саривақтии нафақа ба тадриҷ тамоми нафақагирони ҷумҳурӣ бо картҳои пластикӣ таъмин мешаванд. Ҳамчунон раиси Амонатбонк таъкид кардааст, ки дар оянда тавсеаи истифодаи картҳои пластикӣ барои додани маош низ мадди назар аст. Ба қавли Ҳасанова то якуми январи соли 2011-ум аз хадамоти Амонатбонк 550 ҳазор нафақагири тоҷикистонӣ истифода будаанд.

XS
SM
MD
LG