Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати нави Литва аз мақомоти Белорус


Литва, ки аз 1 январи соли равон раёсати даврии Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро бар дӯш дорад, бори дигар аз мақомоти Белорус даъват намуд то тасмимаш дар бораи бастани дафтари ин созмон дар Минскро бознигарӣ кунад.
Мақомоти Белорус баъд аз нашри гузориши интиқодии САҲА дар робита ба интихоботи раёсатҷумҳурии кишвар аз тамдиди фаъолияти давтари созмон сарпечӣ карданд. Аз ин пеш ИМА ва Итиҳодияи Аврупо аз тасмими мақомоти Белорус барои қатъи мандати намояндагии САҲА дар Минск изҳори таассуф карда буданд.
Аудронюс Ажубалис, вазири умури хориҷии Литва, дар як нишасти хабарӣ дар Вилнюс гуфт, ки кишвараш дар давраи раёсати САҲА ба пайдо кардани роҳҳои ҳалли низоъҳои "мунҷамидшуда", дифоъ аз озодиҳои аслӣ, аз ҷумла, озодии баён ва озодии матбуот таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG