Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Эштон барои музокироти сиёсӣ дар Лубнон


Кэтрин Эштон, раҳбари бахши сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо, хостори бурунрафт аз бӯҳрони сиёсии Лубнон аз тариқи музокирот шуд. Дирӯз 11 вазир – аъзои гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”ва ҳампаймонҳои онҳо эътилофи ҳукмронро тарк намуданд, ки ин боиси истеъфои кобинаи вазирони Лубнон гардид. Баъд аз нашри хабарҳо дар бораи даст доштани аъзои “Ҳизбуллоҳ” дар куштори сарвазири пешин Рафиқ Ҳарирӣ, авзоъ дар Лубнон торафт нооромтар мешавад. Ҳалокати Ҳаририро додгоҳи вижаи СММ тафтиш мекунад.
Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” иттиҳоми даст доштанаш дар куштори Ҳаририро рад карда ва аз нахуствазир Саъд Ҳарирӣ хостааст, ки натоиҷи тафтишоти додгоҳи вижаи СММ-ро такзиб намояд.
Раисиҷумҳури Лубнон Мишел Сулаймон имрӯз аз сарвазир Саъд Ҳарирӣ даъват кард, ки ҳукумати давраи гузаришро сарварӣ намояд.
XS
SM
MD
LG