Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши теъдоди қурбониёни обхезиву ярч дар Бразилия


Теъдоди қурбониёни обхезӣ ва ярч дар аёлати Рио-де-Жанейрои Бразилия ба беш аз 270 нафар расид. Мақомоти кишвар мегӯянд, ки талафот бар асари ин офати табиӣ шояд бештар бошад, зеро одамони зиёде беному нишон ғайб задаанд ва наҷотбахшон ҳанӯз ба манотиқи дурдасти гирифтори обхезиву ярч нарасидаанд.
Гуфта мешавад, фақат дар шаҳри Тересополис, ки дар кӯҳистон ҷойгир аст, 122 нафар ҷон бохтаанд. Аз шаҳрҳои Нова-Фрибургу ва Петрополис ҳам дар бораи ҳалокати даҳҳо нафар хабар мерасад. Ин ҳафта аз аёлати ҳамсояи Сан-Пауло ҳам дар бораи теъдоди зиёди қурбониёни обхезӣ иттилоъ расида буд.
Бар асари обхезиҳо дар Бразилия, ки баъд аз боронгариҳои шадид ба амал омад, ҳазорон нафар бехонумон шудаанд.
XS
SM
MD
LG