Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як нафар дар садамаи нақлиётӣ дар Рӯшон


Бар асари садамаи нақлиётӣ дар деҳаи Дамди ноҳияи Рӯшон, дар шоҳроҳи Хоруғ- Душанбе, як нафар ҷони худро аз даст додааст. Ба иттилои хадамоти бозрасӣ, автомашинаи мусофирбар аз баландии 6 метр ба поён сарозер шудааст, ки дар натиҷа Фарангис Сарфарозова, сокини шаҳри Хоруғ ба ҳалокат расида се тани дигар маҷруҳ шуда ба бемористонт ноҳияи Рӯшон интиқол дода шуданд.

Ба иттилои хадамоти бозрасӣ, ин дуввумин ҳодиса дар ҳафтаи охир мебошад, ки бар асари боришоти барф ба вуқуъ мепайвандад. Дар садамаи қаблӣ, ки дар ноҳияи Шуғнон рух дода буд, як нафар ҷонашро аз даст дода нафари дигар дар бемористон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG