Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Аҳмад Боқиев аз сар гирифта мешавад


Имрӯз дар Додгоҳи низомии Қирғизистон мурофиаи Аҳмад Боқиев, бародари раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев, аз сар гирифта мешавад. Ӯ дар ташкили бенизомиҳои оммавӣ, яғмои моликият, ташкили гурӯҳи мусаллаҳ, ширкат дар забти қитъаи замин, ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ ва дигар ҷиноёт муттаҳам мешавад. Ва аммо Аҳмад Боқиев ин ҳама иттиҳомро рад мекунад.
Мурофиаи сайёри додгоҳи шаҳри Ҷалолобод ҳанӯз 15 декабри соли гузашта шурӯъ шуда буд ва аммо бо далели таъмини шоҳидон аз сӯи додситонӣ мавқуф гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG