Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил мегӯяд, Фаластин худро аз музокирот канор мекашад


Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил Фалстинро муттаҳам кардааст, ки раванди сулҳро ба дарозо мекашад. Вай гуфт, канорагирии Фаластин аз музокирот бад-он маъност, ки ин кишвар хостори сулҳ нест. Дар мулоқоте бо рӯзноманигорони хориҷӣ дар Байтулмуқаддас оқои Нетаняҳу гуфт, "Фаластин ҳар имконро истифода мекунад, то аз музокироти сулҳ худро канор бикашад". Музокироти мустақими сулҳи миёни Исроилу Фаластин 2-юми сентябр оғоз шуд, вале баъд аз се ҳафта бо хатми мӯҳлати мамнуияти сохтмони маҳаллоти яҳудинишин музокирот ба ҳолати таълиқ даромад. Вошигтон аз Ироил хост, ки ба сохтмони маҳаллоти яҳудинишин хотима диҳад. Шарти ҷониби Фаластин низ дар бораи оғози музокироти сулҳ ҳамин аст.
XS
SM
MD
LG