Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дуввуми боздиди Байден аз Афғонистон


Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден, ки аз дирӯз бо сафаре дар Афғонистон ба сар мебарад, имрӯз дар нишасти муштараки хабарӣ бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай гуфт, агар худи афғонҳо хуруҷи нирӯҳои Амрикоро нахоҳанд, Амрико нирӯҳояшро дар соли 2014 аз Афғонистон берун нахоҳад кашид. Байден дирӯз бо сафаре ғайричашмдошт вориди Афғонистон шуд. Ҳадафи ин сафар арзёбии зарфиятҳои нирӯҳои афғон дар пешорӯи оғози хуруҷи нирӯҳои Амрико дар моҳи июл буда, Байден алакай бо фармондеҳи нирӯҳои эътилоф генерали амрикоӣ Девид Петреус ва ҳам бо сафири Амрико Карл Эйкенберрӣ мулоқот кардааст. Дидори ӯ бо сарбозони амрикоӣ низ дар назар дошта шудааст.
XS
SM
MD
LG