Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи фурӯши китобҳои Пауло Коэло дар Эрон


Адиби шинохтаи Бразилия Пауло Коэло гуфт, фурӯши китобҳояшро дар Эрон манъ кардаанд. Коэло аз давлати Бразилия хост, то дар ин масъала дахолат кунад.
Коэло,ки аз пурхонандатарин адибони ҷаҳон маҳсуб мешавад , дар торнамои интернетиаш паёми муҳаррираш дар Эронро нашр кардааст, ки дар он аз қарори давлати Эрон ҷиҳати манъи фурӯши китобҳои ин адиб хабар дода мешавад. Ораш Ҳиҷозӣ дар як навори видиёии эътирозҳои пасоинтихоботии моҳи июни соли 2009 дар Эрон замоне зоҳир шуд, ки талош дошт ҳаёти Нидо Оғосултонро наҷот диҳад. Ҳалокати ин зан ба як рамзи эътирозҳои пасоинтихоботии Эрон табдил ёфтааст.
Коэло гуфт, далели мақомоти Эрон ҷиҳати манъи фурӯши китобҳояшро намедонад, вале мегӯяд, аз торнамоҳои иҷтимоӣ ба хотири ҳимоят аз Ҳиҷозӣ истифода мебурд.
XS
SM
MD
LG