Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади шаҳрванди Қирғизистонро ба сафорат супурданд


Дирӯз дар Маскав ҷасади Чингиз Супатаеви 25-сола, шаҳрванди Қирғизистон ва ронандаи таксӣ ба сафорати ин кишвар дар Маскав супурда шуд. Алмаз Абдисияев-ҳуқуқдони сафорати Қирғизистон дар Маскав гуфт, ҷасади Супатаев рӯзи 4-ӯми январ бо захми корд дар гулӯяш дар дохили мошин пайдо шудааст. Вай зан ва ду фарзанд доштааст. Абдисияев гуфт, сафоратхонаи Қирғизистон дар Маскав ба доситонии Русия дархост фиристодааст, ки роҷеъ ба куштори ин ронанда маълумоти заруриро дар ихтиёри сафорат қарор диҳанд. Соли гузашта ҷасади 50 шаҳрванди Қирғизистон аз Русия ба ватанашон фиристода шуд. Қотилони бисёре аз ин 50 нафар номаълум боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG