Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе дуздони мусаллаҳ боздошт шуданд


Кормандони пулис дар ҷараёни як амалиёти вижа аз дафтари кории Ромиш Ёров-раиси ширкати хусусии "Манзар" аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ мусодира кардаанд. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" хабар додааст. Ин ширкат ба сохтани тирезаҳои пластикӣ машғул будааст. Вазорати дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки Ромиш Ёрови 36 сола "раҳбарии як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноиро бар ӯҳда доштааст ва дафтари кории худро чун ситоди ин гурӯҳ истифода мекардааст". Дар натиҷаи бозрасӣ рӯшан шудааст, ки Ёров бо ҳамдастонаш Исматулло Бобомуродов, Акрам Шарипов ва Рустам Миров ба Ван Бин-шаҳрванди Чин ва раиси ширкати "Фулузоти Зарнисор" ҳамла бурдаанд ва дороиашро ғорат кардаанд.
XS
SM
MD
LG