Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Саркозӣ иқтисоди ҷаҳониро баррасӣ карданд


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, дар ҳоле, ки ҷаҳон аз бӯҳрони саросарии молӣ берун меравад, Амрикову Фаронса бояд имсол бо кӯшишҳои муштарак фишори молиро рафъ созанд. Обама ин нукотро баъд аз дидораш бо Никола Саркозӣ -раиси ҷумҳури Фаронса дар Кохи Сафеди Вошингтон изҳор дошт:

"Мо қисмати аввали мулоқотамонро бо баррасии дастури рӯзи мулоқотҳои Ҷӣ 8 ва Ҷӣ 20 гузарондем, зеро ҳам дар Фаронса ва ҳам дар Амрико ва дар саросари ҷаҳон, бо вуҷуди ин ки раванди барқарорӣ аз бӯҳрони молӣ идома дорад ва мо аз он гузаштем, вале то ҳол мо дар марҳалае қарор надорем, ки бояд қарор медоштем".


Оқои Саркозӣ гуфт, вай мехоҳад як ҷо бо Амрико нобаробарии мушкили арзиши пулро ҳал кунад. Вай дар бораи роҳҳои рафъи ин нобаробарӣ пешниҳоди мушаххас накард, вале гуфт, ки низоми сартосарии молӣ набояд аслан ба воҳиди пулии доллар ба унвони пули асосӣ дар ҷаҳон такя кунад. Ҳоло Фаронса ҳамзамон раёсати Ҷӣ 8 ва Ҷӣ 20-ро бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG