Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Испания изҳороти ЭТА-ро нокофӣ хонд


Ҳукумати Испания эълом дошт, ки оштии доимии эълон кардаи гурӯҳи ҷудоихоҳи баскҳо ЭТА -ро эътироф намекунад. Алфредо Перес Рубалкаба, муовини сарвазири Испания ба хабарнигорон гуфт, ки изҳороти ахири гурӯҳ мутобиқ ба интизороти ҳукумат нест. Мақомот, афзуд ӯ, қатъи комили муқовимат ва ба замин гузоштани силоҳ аз сӯи аъзои ЭТА-ро талаб доранд.
Имрӯз гурӯҳи ЭТА бори дигар дар бораи оштии доимӣ ва қатъи ниҳоии муборизаи мусаллаҳонааш хабар дод. Дар изҳороти ахири ин гурӯҳ гуфта шудааст, ки тасмими феълӣ баёнгари талошҳои аз роҳҳои осоишта ба аҳдоф расидани баскҳост. Ва аммо дар ин изҳорот дар бораи омодагии ЭТА барои халъи силоҳ, ки аз шартҳои аслии ҳукумати Испания барои музокирот бо ҷудоихоҳон маҳсуб мешавад, чизе гуфта нашудааст.
Шурӯъ аз солҳои 60-уми қарни гузашта гурӯҳи ЭТА барои таъсиси давлати мустақили баскҳо дар қаламрави Испания ва Фаронса талош мекунад. Дар ин муддат бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ беш аз 820 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Испания, Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА ЭТА-ро ба феҳрсти гурӯҳҳои террористӣ шомил кардаанд.
XS
SM
MD
LG