Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади 4 узви гурӯҳи Алии Бекдакӣ бедарак шудааст


Бино ба хабари "Азия-Плюс", ҷасади 4 узви гурӯҳи Алловуддин Давлатов маъруф ба Алии Бедакӣ дар Ғарм бедарак шудааст. Дар ин бора як манбаъ ба "Азия-Плюс" хабар додааст. Ин манбаъ аз бурдани номаш худдроӣ кардааст. Бино ба ин хабар, 7-ӯми январ хешовандони кушташудагон дар бемористон гирдиҳам омадаанд, то ҷасади кушташудагонашонро бибаранд. Пизишкон гуфтаанд, ки танҳо баъд аз ташхиси тиббӣ метавонанд ин ҷасадҳоро дар ихтиёри хешовандон гузоранд. Барои ҳамин онҳо бояд рӯзи дигар ба бемористон ҳозир шаванд. Рӯзи дигар 8-ӯми январ пизишкон гуфтаанд, ки ҷасадҳо бедарак шудаанд ва онҳо дар ин бора хабаре надоранд. Ҳамзамон як корманди бемористон гуфтааст, ки шабона як автомашинаи ЗИЛ вориди бемористон шудааст ва шояд ин мошин ҷасадҳоро бурда бошад. Вай гуфтааст, ҷасадҳоро низомиён посбонӣ мекардаанд, шояд онҳо дар бора хабаре дошта бошанд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд. Афроди гурӯҳи Алии Бедакӣ рӯзи 4-ӯми январ дар як амалиёт дар рустои Руноби ноҳияи Рашт кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG