Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси яке аз ҳампаймонҳои Хотамӣ дар Теҳрон


Расонаҳои интернетӣ дар бораи боздошти яке аз сиёсатмадорони наздик ба раисиҷумҳури пешини Эрон Муҳаммади Хотамӣ хабар доданд. Ба навиштаи сомонаи Саҳом, Муртазо Ҳоҷӣ, вазири омӯзишу парвариш дар ҳукумати Хотамӣ, шаби чаҳоршанбе дастгир шуда, ба маҳбаси Эвини Теҳрон интиқол ёфтааст. Сабаби боздошти Муртазо Ҳоҷӣ маълум нест, ба навиштаи сомона, ӯ моҳи декабри соли 2009 ҳам боздошт ва аммо баъдан раҳо карда шуда буд.
Баъд аз интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии Эрон дар тобистони соли 2009 садҳо ислоҳотталабон ба маҳбас андохта шудаанд.
XS
SM
MD
LG