Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хасисии" ширкатҳои нафтӣ сабаби фалокат дар Халиҷи Мексика


Як гурӯҳи вижаи ҳукуматӣ дар Амрико баъди таҳқиқи фалокати нафтӣ дар Халиҷи Мексика ба ин натиҷа расидааст, ки тасмимгириҳои пайвастаи ширкати Би Пи, бо ҳадафи коҳиши хароҷот, сабаби резиши нафт ба дарё ва олудагии Халиҷи Мексика шудааст. Фалокати тобистони соли гузашта бузургтарин фалокати нафтӣ дар таърихи Амрико маҳсуб мешавад. Дар гузориши ниҳоии кумиссиёни таҳқиқотии тобеъи раиси ҷумҳури Амрико омадааст, тасмимгириҳои ширкати Би Пи ва шарикони он Ҳаллибуртон ва Трансоушн, барои ин ширкатҳо пул ва вақти зиёдеро ҳифз карда, вале хатари фалокатро афзудааст. Дигар ин ки ниҳодҳои ҳукуматӣ ҳаққу манобеъ ва таҷрибаи кофӣ надоштаанд, то бар ин ширкатҳо назорат кунанд ва бар асоси гузориш бидуни ислоҳот дар ҳар ду самт такрори фалокатҳо имконпазир аст. Моҳи апрели соли гузашта, як манораи нафткаш дар Халиҷи Мексика мунфаҷир шуд, ки бар асари он 11 нафар ҷон доданд ва миллионҳо тонна нафт обҳои зиёдеро дар Халиҷи Мексика олуда кард.
XS
SM
MD
LG